МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Деҳлолои Ҷамоати шаҳраки Нуралишо Назаров оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён ба миқдори 25 дона ниқобҳои тиббӣ, 36 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.
Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Гулсунбӣ ва дигарон иштирок намуда, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда шуд.