ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия бахшида ба 73-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, сардори Раёсати иҷтимоии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдулфатоҳзода, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фаъолони шаҳраки Москва иштирок карданд.
Ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев оғоз намуда, иштирокчиёни Ҷанги Бузури Ватани ва ҷамъомадагонро бо Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, дар мавзӯъи сабақҳои таърих ва аҳамияти таърихии Ғалаба суханронӣ намуд.
Баъдан сардори Раёсати иҷтимоии Дасгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдулфатоҳзода ба сухан баромада иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аз номи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуда, ба онҳо кӯмаки молиявӣ ба маблағи 4000 сомонӣ тақдим кард.