БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – нерӯи муқтадири сиёсӣ дар Тоҷикистон

ФАРХОР. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Ватан ва бо сокинон мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  баргузор  гардид.

Ҳамзамон, зимни суҳбат масъулин доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти  тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Дар охири  вохӯрӣ ба суолҳои иштирокчиён ҷавобу маслиҳатҳои муфид дода,  ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg