КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти раёсати муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар кори маҷлис иштирок доштанд муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, И.в раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, вакилони ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”.
Дар маҷлиси мазкур 3 масъала барои баррасӣ пешниҳод карда шуда, ворид намудани тағйирот дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Раёсати он, озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб.
Нахуст, аз рӯи масъалаи якум муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада, таклиф кард, ки ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ворид карда шавад, пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокдорон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Ҳамзамон, Латифзода Асрор дар идома изҳор дошт, ки Ҳамидиён Орзу бинобар сабаби ба вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуданаш аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ озод карда шуд. Инчунин, бо ризоияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб гардид.
Дар музокираи ин масъала раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нозимов Талаб ба сухан баромада, аз фаъолияти чашмраси Шарифзода Гулрухсор дар сохторҳои гуногун ёдовар шуд.
Дар рафти маҷлис ба Ҳамидиён Орзу барои хизматҳои арзандааш дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ аз ҷониби роҳбарият бо Сипосномаи мақомоти болоии ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ дар деҳаю маҳаллаҳо ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфтанд.
Ҳамин тариқ, маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул кард.