ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва кишти такрории наздиҳавлигӣ, инчунин дубора авҷ нагирифтани бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Кулулобод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур масъулин вобаста ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя карда ба ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам сайругашт накунанд.