А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва зиёиёни ноҳия мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо коронавируси нав “Covid - 19” суҳбат гузарониданд.
Дар ин мулоқотҳо ҳизбиён ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ миёни мардум оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ба роҳ мондани корҳои безарраргардонӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо ва манзилҳои истиқоматии сокинон дастуру маслиҳатҳо доданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба ҳозирин аз ҷониби намояндагон ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикии бо дастгирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дастрасгардида, тақсим карда шуд.