ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Мизробова Шаҳло дар Ҷамоати деҳоти Себистон, деҳаи Балхӣ бо мақсади дарёфт, омӯзиш ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунар ва санъати волои дӯзандагии зани ҳунарманд Давлатова Латофат шинос гардид.
Дар шиносоӣ бо ин зани ҳунарманд маълум гашт, ки маҳсули дасти вай дар гилемдӯзӣ, шероздӯзӣ, нақшу нигори қадимаи миллӣ, аз қабили қароқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва чакандӯзӣ бебаҳо буда, дар тамоми намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ва берун аз он иштирок намуда,, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Давлатова Латофат дар баробари ҳунарманд буданаш ба занҳои хонашин аз ҳунари доштаи худ ба онҳо меомӯзонад ва то имрӯз садҳо шогирдонро тайёр намудааст.