ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади оқилона, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида истодаанд.
Мақсад аз баргузории корҳои оммафаҳмонӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини амнияти озуқавории кишвар буда, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ин масъалаҳои мубрами рӯз тарғибу ташвиқ карда мешаванд. Инчунин, дар ин раванд ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, тарғиб карда шуда, моҳияти хизмати Ватан-Модар ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ба дарки ҳамагон расонида мешавад.