ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Субҳи дирӯз барои таблиғ ва пешгирии ҳамагуна касалиҳои сироятӣ, алалхусус оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID - 19) ва барои таъмини мардум бо маҳсулотҳои кишоварзӣ, яъне самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Зулоли Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара бо усули "хона ба хона" чорабинии ҳизбӣ доир намуданд.
Дар раванди суҳбату вохӯриҳо масъулин оид ба ин бемории сироятӣ суханронӣ намуда, ба мардум тавсияҳои мушаххас дода, дар идома барои рушд ва инкишоф ёфтани соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои наздиҳавлигӣ маслиҳатҳо дода шуд.