
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи С. Садирови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” корҳои ташвиқотию тарғиботиро роҳандозӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинии ҳизбӣ ба сокинон маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи коронавирус дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки қоидаҳои санитариро қатъиян риоя намоянд ва барои саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бо истифодаи самараноки замин талош варзанд.