БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН МАНБАИ ДАРОМАДИ ХУБ АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаи  ба номи И.Раҳимови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  истодаанд.

Дар рафти мулоқот масъулин вобаста ба оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, зиёд намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ғалладонагиҳо маслиҳатҳо дода, таъкид карданд, ки анҷоми ин амалҳои созанда ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар ғанӣ гаштани буҷети оилавӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg