БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани риояи ҳатмии чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” суҳбату  вохӯриҳо баргузор карданд.

Масъулин ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории коронавирусро фаҳмонида, ба онҳо  барои пешгирии беморӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас намуданд.

Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки агар таби баланд сулфа, душворшавии нафаскаширо дар худ мушоҳида намоянд, ҳатман аз ниқоби яккарата истифода бурда, ба духтурон муроҷиат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg