
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзеи сохтмони манзилҳои нави истиқоматии осебдидагони офати табии ноҳияи Хуросон ба корҳои сохтмонии манзили зани яккаву танҳо кумак расониданд.
Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо назардошти амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ба хотири анҷом додани корҳои хайру савоб ҷиҳати дастгирии ниёзмандон дар манзили истиқоматии зани а яккаву танҳо корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармимро бо сифати баланд ба сомон расониданд. Аз иҷрои корҳои сохтмонии ба сомон расонидашуда соҳибхоназани ниёзманд бо шукргузорӣ аз давлату ҳукумат ва сиёсати ғамхоронаи Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ арзи сипос ва миннатдорӣ изҳор намуд.