Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, рӯёнидани ҳосили баланд ҳамчунин роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ,риояи ҳатмии беҳдошт бо сокинони деҳаи 44-Чашмаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол мулоқот баргузор намуданд.
Ба сокинон таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро ба онҳо варақаҳои тавсиявиро тақсим карданд.
Инчунин, масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқониро мавриди муҳокима қарор дода, афзуданд, ки истиифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин қарзи шаҳрвандии ҳар як сокин буда, месазад бо истифода аз фазои муосид бо заҳмату меҳнати софдилона аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон ҳосили хуб ба даст биёранд.