
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо ба сокинони деҳоти ноҳия гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо усули «хона ба хона» ва дар саҳро бо кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор намуда истодаанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбат анҷом дода, дар мулоқот ҳолатҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятиро фаҳмонида, қайд карданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт мебошад. Барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоем. Ҳамчунин истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва кишту захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани ягон ваҷаб заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тарғибу ташвиқ карда, ба дарки ҳамагон расониданд.