Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар толори қасри фарҳагнги ноҳия баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур аз ташкилотҳои ибтидоӣ 92 нафар вакилон интихоб шуда, дар кори он 90 нафар вакилон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори Конференсия узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон Назаралӣ иштирок дошт.
Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сураё кушода, пешниҳод намуд, ки ба рӯзномаи Конференсия як масъала пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав дар ҳавзаи интихоботии №27 ба ҷои вакили хориҷшуда баррасӣ карда шавад.
Ба муҳокимаи вакилони Конференсия номзадии узви ҲХДТ, муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимов Ориф пешбарӣ шуда, барои бақайдгирӣ ва ба овоз мондан ба комиссияи ҳавзаи интихоботӣ пешниҳод карда шуда, қарори дахлдор қабул гардид.