Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар суҳбат масъулин роҳҳои пешгирии бемории фаҳмонида, таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро ба сокинон варақаҳои тавсиявиро тақсим намуданд.
Инчунин, ёдовар шуданд, ки истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрории зироатҳо ва захираи ду солаи маҳсулоти кишоварзӣ кафили зиндагии шоиста буда, моро зарур аст, ҳарчи бештар барои ба даст овардани ҳосиили фаровон заҳмат кашем.