БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ЗАМИН ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДОРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ба мардум расонидани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззамит ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти болоии ҳизб дар самти ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ҳамарӯза  аз ҳолати истифодабарии заминҳои дар ихтиёри сокинон буда дидан намуда, ба  заминистифодабарандагон  ҷиҳати истифодаи самараноки он ва  рӯёнидани ҳосили дилхоҳ,  кишти  такрорӣ, обу ғизодиҳӣ  маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Намояндагони ҳизбӣ бо усули “хона ба хона”   аз   заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Чуқураки  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самаранок аз замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ суҳбат оростанд.

Аз суҳбат бо  заминдорон маълум гардид, ки онҳо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  якдилона дастгирӣ намуда, мекӯшанд, ки дар иҷрои яке аз ҳадафҳои  давлат - таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар суҳбатҳои доирнамуда бештар 87 нафар сокинон фаъолона иштирок намуда,  ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg