БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдоми Пешвои миллат – имтиёзи таърихӣ барои ҳунармандон ва рушди корҳои хонагӣ

ПАНҶ. Чанде қабл бо иштироки сокинони деҳаи Лоҳутии ҷамоати ба номи Кабуд Сайфуддинови ноҳияи Панҷ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Холов Диловар иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Сараввал Шомаҳмадзода Музаффар оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо, сафед кардани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар ободонии маҳал суханронӣ намуда, қайд кард, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар тарбияи дурусти  фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дуруст тарбия намудани фарзандон, ки оянда ҷавонони Ватананд ва дар созандагиву бунёдкории Ватани азизамон  саҳми онҳо бештар мешавад, вазифаи ҳар як падару модари бонангу номус аст.

Ҳамзамон, оид ба  тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, ки  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вобаста мебошад,  андешаронӣ карда шуд.

Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 –ро ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин аҳолиро ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманд менамояд. Илова бар ин ҳунармандон аз баъзе имтиёзҳои давлатӣ –андозу пардохт озод карда шудаанд. Дар рафти вохӯрӣ якчанд нафар ҳунармандони маҳалла, Ҷайлобова Раҷабгул ва Сафарова Шикоят, ки  бо ҳунари гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, Ҳайдаров Мирзохуҷа бо касби оҳангарӣ машғуланд ва маҳсули ҳунари худро ба бозор мебароранд,  ба сухан баромада, аз иқдоми бунёдкоронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ миннатдорӣ намуданд.

 

 

                                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg