БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баҳри солимии ҷомеа ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ бо сокинони маҳаллаи Лоҳутии шаҳраки Москва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни суҳбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдошт суҳбат намуда, афзуданд, ки бо вуҷуди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ рӯ ба коҳиш оварда истода бошад ҳам, ба бепарвогӣ ва беаҳамиятӣ роҳ додан лозим нест.  Дар фарҷом ба сокинон тавсия дода шуд, ки талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди дастонро пайваста бо собун ва оби гарм шустан, аз даҳонбанд истифода бурдан, безарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан ва талаботҳои беҳдошти тавсиядодашударо риоя намуда, саломатии худ ва наздиконро ҳифз намоянд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg