БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов бо мақсади бархурдор намудан ва пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  намуд, ки баҳри солим нигоҳ доштани худ ва фарзандон, ки насли ояндаи миллат мебошанд, аз бемории сироятии COVID – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ пешгирӣ бояд кард. Ҳамзамон мавсуф оид ба ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти   ҳизбӣ ва нисбати сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ  ибрози  сухан  намуд. Дар  анҷом  ба  иштирокчиён муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

  

         

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg