БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар биноҳои баландошёнаи Борбади шаҳр ва дар шоҳроҳи мошингарди марказӣ вохӯрӣ бо усули “хона ба хона”  ва “рӯ ба рӯ” гузаронида шуд.

Масъулин дар суханрониашон иброз доштанд, ки ба ҳамагон маълум аст, охири соли 2019 ва ибтидои 2020 як қатор кишварҳои ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус фаро гирифт. Асосан ин беморӣ дар вилояти Хубеи Ҷумҳурии Халқии Чин пайдо гардида, минбаъд ба кишварҳои дигар паҳн шуд. Моҳи марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро Пандемияи COVID-19 эълон намуд ва ба кишварҳои ҷаҳон дастур дода шуд, ки нисбати пешгирии он тадбирҳои профилактикӣ андешанд.

Инчунин, зикр гардид, ки ҳифзи солимии мардуми кишвар – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз таваҷҷуҳу сиёсати ташаббускоронаи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то дар ин давраи бисёр мушкиле, ки пандемияи коронавируси нави COVID–19 оламро фаро гирифт ва дар давлатҳои абадқудрати ҷаҳон сабаби талафоти зиёди инсонӣ гардид, чораҳои саривақтӣ ва самаранокро анҷом диҳад ва барои ба эътидол омадани вазъи эпидемикии ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ мусоидат намуд. Дар охир аз тарафи кормандони Кумита барои бештари маълумот гирифтан аз ин бемории сироятӣ ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg