ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Рудакӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19 ” гузаронида, ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои тиббиро дастрас намуданд. Таъкид карда шуд, ки манзили худро тозаю озода нигоҳ доранд, гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ дар вақти зарурат баромадан ба кӯчаро риоя намуда, саломатии хешро нигоҳ доранд. Инчунин, зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба шумор меравад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар ва ватандӯст хеле афзуда истодааст.
Ҷавонписарони синни даъватӣ низ ҳамчун ватандорони боҷасорат ва худогоҳ ба хубӣ эҳсос бояд намоянд, ки мамлакатамонро маҳз мо, ҷавонони далеру шуҷоъ муҳофизат кунем. Аз ин хотир, меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан – Модар онҳоро ҳушдор месозад, ки худ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шаванд ва хизмат намоянд.