БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаву  маҳаллаҳои шаҳр бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо доир менамояд.

Гурӯҳи  корӣ дар суҳбату вохӯриҳо ин навбат дар биноҳои баландошёна оид ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин самт имкон доданд, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад.

Сипас, ба ҳар як сокини дар мулоқот иштирокдошта барои гирифтани маълумот аз варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуданд.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg