БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ПАРТАВИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҳалли мушкилоти аҳолӣ бо тарғиби амалҳои созандаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов сохтмони мағозаи фурӯши ниёзи мардум оғоз карда шуд.

Сохтмонро соҳибкори маҳаллӣ  Худоёров Муқим ба уҳда гирифта, бо кумак ва дастгирии сокинони деҳаи мазкур  сохта шуда истодааст. Дар ин самт аз ҷониби шахси ватандӯст Худоёров  Муқим тасмим гирифта шудааст, ки ин иншоот дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  истифода   дода мешавад ва  аз ин иқдоми  неку созанда сокинон миннатдории хешро баён карданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бо сокинон  кормандони ҳизбӣ оид ба бемории навъи  коронвирус корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор  карда, ба иштирокчиён 200 адад ниқобҳои истифодабариашон чандинкарата ва варақаҳои иттилоотиро  тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg