БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии маънавиёти ҷомеа пешравию муваффақияти давлат аст

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи баргузории чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КФД Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таҳти унвони «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод, мутахассиси шуъбаи мазкур Ғафорова Насима, маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин китоби тозанашри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо номи «Каъбаи умеди мо халқ асту бас»-ро дар байни иштирокчиёни муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки китоби мазкур соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба чоп расида, дар он тамоми вазифаҳо ва ҳадафҳои ҳизбӣ дар самти сафарбар намудани мардум  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дарҷ шудааст.

Инчунин, масъулин дар сухаронии хеш атрофи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, ки дар китоби мазкур навишта шудааст, муфассал ҳарф зада, иброз доштанд, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он ба ҳисоб рафта, пешравию муваффақиятҳои давлат аз сатҳи солимии маънавиёти ӯ вобастагии калон дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа тамоми кӯшишу ғайратро равона сохтааст, вале ҳастанд гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор, ки баръакс ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро дареғ намедоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg