
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотиро вобаста ба муқовимат бо коронавирус дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.
Дар раванди суҳбату мулоқотҳо ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикие, ки бо кумаки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дастрас гардидааст, аз ҷониби кормандони ҳизбӣ ба сокинон тақсим карда шуд.