БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРЗИ ДУРУСТ ИСТИФОДА НАМУДАН АЗ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ БАҲРИ ЭМИН НИГОҲ ДОШТАНИ САЛОМАТӢ

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба ҳифз намудани саломатии сокинони ноҳия ва наздикону пайвандон аз хатари сироятёбии коронавирус  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “ хона ба хона” миёни истиқоматкунандагони қисми болои деҳаи Файзбахш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар рафти кор масъулин вобаста ба паҳншавии беморӣ  ва роҳҳои эмин нигоҳ доштан аз ин беморӣ  бо сокинон суҳбатҳо гузаронида, таъкид намуданд,  ки ҳангоми ба берун баромадан аз ниқобҳо истифода баред, зуд -  зуд   дастонатонро бо маҳлулҳои антисептикӣ покиза кунед, аз ҷойҳои ҷаъмиятӣ худорӣ  ва  фосилаи байни якдигарро риоя кунед то худ ва наздиконатонро мубтало ба ин беморӣ нагардонед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg