
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба такроран кишт кардани маҳсулотҳои кишоварзӣ дар заминҳои корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои таблиғотиро дар деҳаи Рахшонзамини нави Ҷамоати деҳоти Корез ҷоннок карда, бо хоҷагидорону деҳқонони деҳаи номбурда аз наздик вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни мулоқот муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Воҳидова Дилафрӯз ба хоҷагидорону иштирокдорон вобаста ба оқилона истифодабарии замин, қонеъ намудани талаботи бозори дохила, хушсифат баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дод.