БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶОЙИ ТАБЛИҒИ АНДЕШАҲОИ НОСОЛИМИ НАҲЗАТИҲО НЕСТ

ВОКУНИШ. Онҳое, ки дар пайи манфиатҳои инфиродӣ, ба амалҳои номатлубу ғайриинсонӣ ва пиёда сохтани нақшаҳои ғаразнок, палидонаи гурӯҳи манфиатхоҳ кор менамоянд, пайваста дар доми фиреб қарор доранд.

Дар доираи мантиқи болозикр, шохаеро ҳамчун фаъолият ҷудо намудан лозим аст, ки имрӯзҳо ба паҳн намудани иттилоот ва таблиғи андешаҳои носолиму ғайриқобили қабул, чӣ аз нуқтаи назари талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва чӣ аз нуқтаи назари эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ арзёбӣ мегардад.  

Кор бо сомонаҳои интернетӣ, ки худ ҷойи мубодилаи иттилоот барои ҷамъият ба ҳисоб меравад, ба хотире, ки пайваста барои ҷамъият иттилооти заруриро ҷиҳати ташаккулёбии малакаю маҳорат ва беҳбудии ҳолати маънавию осон гардонидани ҷанбаҳои гуногуни зиндагӣ бошад, имрӯзҳо аз ҷониби  баъзе аз нафароне, ки ба давлат, халқу ин сарзамин ғаразҳои нопок доранд ва ё дар пайи ба даст овардани молу дигар манфиатҳо, барои доираҳои гуногуни манфиатхоҳ дасту бозу мегарданд.

Тасдиқи ин гуфтаҳо, бараъло ҳамарӯза дар сомонаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар фейсбук аз ҷониби пайравони ақидаҳои носолими Ташкилоти экстремистию террористии Наҳзат, ки сохтакорони Паймони миллии Тоҷикистон ва якчанд гурӯҳҳои дигар худро эълон менамояд, дар интишори мақолаҳо ва видеонаворҳову муҳокимаҳо ба назар мерасад. Таблиғгарони чунин ақидаҳо, касоне ҳастанд, ки манфиатҳои миллату давлат, якпорчагии сарзамин Тоҷикистон, ваҳдату иттифоқӣ ва пешрафту тараққиёт, беҳбудии шароити зиндагии аҳолии мамлакатро бар ивази маблағи ночиз ва манфиати шахсӣ нодида мегиранд.

Бо чунин мақолаҳо ва видеонаворҳои сиёҳкорона мехоҳанд ба саҳми аҳолӣ ақидаҳои пучу холӣ ва ғаразнокро нисбати давлату ҳукумат ҷой намуда, ғаразҳои нопоки худ ва фармонравоёнашонро пиёда намоянд. Ман ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба пайравон ва паҳнкунандагони ақидаҳои пасту разилонаи наҳзатиён бо хитоб гуфтаниям, ки ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ ба шарҳу эзоҳи сиёҳкорона ва роҳнамоии шумо надорад. Сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи таблиғи мафкураи тангу ғализи шумо нест.

Сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи андешаи солим, пешравии ҷаҳони муосир, донишҳои замони нав, техника ва технологияи муосир, методҳо гуногуни соҳавии санҷидашуда, тадқиқотҳо ва ихтирооту навовариҳои илмӣ, муаррифии дастовардҳо, пешрафту тараққиёти Ватани азиз, тарғиби интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, барои амалигардии онҳо нерӯву тавони худро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар менамоем.

Ҳ. Раҷабализода, мутахассиси шуъбаи  ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg