БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ КАБИРӢ ПАСТЗАНИВУ ТАҲҚИРИ МИЛЛАТ АСТ

ВОКУНИШ. Аз замони барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сар задани ҷанги бародаркӯш дар мамлакат то инҷониб ҳастанд, нафароне, ки то имрӯз ба қадри тинҷию оромии ин сарзамини аҷдодӣ нарасида аз дур истода, аз ҳасудии бисёр барои ноором сохтани вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон туҳмату буҳтонҳои зиёдеро бофта истодаанд.

Кабирии пастфитрат, хиёнаткор, собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳозира роҳбари Паймони миллӣ мебошад. Ин хоини ватанфурӯш дар тӯли фаъолияти сиёсиаш барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои нопоки худ, на танҳо ба миллату давлат, балки ба пайвандону наздиконаш хиёнат карда,  Исломро байрақи сулҳу оромӣ шумориданд, дар ислом ба таъсис додани ҳизб ҳеҷ ниёзе нест ва инро борҳо олимону ходимони дин тафсир додаву ҳамчун ҳушдор ба наҳзатиҳо пешниҳод намуда буданд ва инҷо ҳоҷат ба шарҳи иловагӣ нест. Шояд Кабирӣ он замон аз саркардаи наҳзат Абдуллоҳи Нурӣ ин шеваро ба мерос гирифта буд ва чунон домонаш бо сармояи бедардимиёни хоҷагон лабрез шуда буд, ки ҳатто кӯшиши гумроҳсозии бештари мардум ва ходимони ҷамъиятиву динӣ, бахусус ҷавонони сустиродаро мекард.

Кабирӣ то замони зинда будани Абдуллоҳи Нурӣ ва то замони пеш аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати ислом бо маҳорати тамом домони исломро дошт ва пас аз шармандагиву гурезагӣ тифли наҳзатро бо маслиҳату машварати хоҷагонаш бо номи паймони миллӣ тавлид кард. Акнун Кабирӣ имкон пайдо кард, ки ҳам лаъл ба даст овараду ҳам ёрро наранҷонад. Яъне, Кабирӣ акнун худро ғуломи ду хоҷа кард, ки якеаш исломӣ ва дигараш демократ аст. Ман хостори шарҳи суханони подарҳавои ин хиёнаткор нестам, аммо чунин хулоса кардам, ки Кабирӣ бори дигар собит сохт, ки ӯ воқеан на дӯст, балки душмани мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати тоҷик аст.

Кабирии берӯй ва бевиҷдон иброз медорад, ки гӯё мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро нисбати суханронии қаблиаш дар мавриди инқилоб ва барангехтани ошубҳои зиддимиллӣ ҷонибдорӣ намуданд. Мардуми бо нангу ори тоҷик як бор шаҳди нооромиро чашидаанд, ҳеҷ гоҳ ба суханҳои бофтаву дурӯғи Кабирии ватанфурӯш ва ҳаммаслаконаш бовар намекунанду ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Ман ҳамчун як ҷавони замони соҳибистиқлолии кишвар, ки зери сиёсати инсондӯстонаву ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои тинҷу осуда умр ба сар бурда истодаам ва бо исрор таъкид менамоям, ба ин сарзамин эҳтиром ва ба Пешвои муаззами миллатамон, ки ҳанӯз соли 2011 Пешвои асри 21 эътироф гардида буданд, арҷгузорӣ намоянд. Зеро Пешвои миллати мо натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ақсои олам эҳтирому ҷойгоҳи хоса дошта, бешак метавон гуфт, ки саросари олам Тоҷикистони соҳибистиқлолро маҳз дар симои роҳбари оқилу дурандеш ва инсонпарвару нексиришташ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд ва ба Тоҷикистону мардуми он самимият доранд.

Сабоҳат Салимова, вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Вахш

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg