Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхонаву муассисаҳо ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ҳизби созандаю бунёдкор вобаста ба ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи ҷавонон ба амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи № 1” вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сураё Алиева оғоз намуда, зикр кард, ки солимии миллат- боигарии давлат аст, тарзи ҳаёти солим дар тарбияи хештаншиносии мардум омили пешравии ҷомеа буда, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ асоси пояндагии миллат мебошад. Ошкор намудани омилҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятии табобатнашаванда яке аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеа, аъзои ҳизб махсусан кормандони сохторҳои тиббӣ мебошад.
Ба мардум фаҳмонидани аз назорати духтур ва тибқи талаботҳои қонунгузорӣ барои дақиқ гузаштан аз муоинаи тиббии пеш аз никоҳ ва шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда вазифаи авалиндараҷа ва хизматии ҳар як табиб мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ миёни масъулин ва иштирокдорон саволу ҷавобҳоб ба вуқӯъ пайваста шахсони масъул ба саволҳои ҷамъомадагон ҷавобҳои қаноатбахшу саҳеҳ гардониданд.