БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИТТИЛООТИ ДУРУСТ ДАР ДАВРАИ COVID-19 ҲАМЧУН ҚОНУН МУҲИМ АСТ

АНДЕША. Масъалаи “ҳаёт ва марг” будани рафтори одамон дар замони пандемия исботи худро ёфт. Дарки риояи қоидаҳои маъмул ва оддии пешгирӣ аз тарафи ҳар як шахс муҳим аст. Дар риояи қоидаҳои пешгирӣ ҳаёт ва саломатии на танҳо шахси алоҳида, балки бехатарии атрофиён вобастагӣ дорад.

Дар айни замон гирифторони бемории коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 15 миллион ва қурбониёни ин беморӣ зиёда аз 620 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Чӣ тавре, ки дар ахбороти саҳифаи расмии СММ (https://news.un.org/ru/story/2020/07/1382561?fbclid=IwAR2CBQuuFBvwdjQP9wViEP4jTsvO6iv-f3SbStvwcxq6HAf83rR9Upgco3M) оварда шудааст, 10 миллион ҳолати гирифторон ба 10 мамлакат ва тақрибан нисфи он ба се мамлакат – ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон рост меояд.

Сутуни асосии муқовимат бар зидди бемории коронавирус – ин иштироки ҳар як шаҳрванд дар ин самт мебошад. Ҳар як қарор, рафторе, ки шаҳрванд ба анҷом мерасонад – интихоб байни ҳаёт ва марг аст. Бинобар ин, дар худ доштани иттилооти зарурӣ ҳамчун ҳаво зарур аст. Дар аввал – вазъи атрофи худ ва наздиконро доимо пайгирӣ кардан лозим аст. Донистан зарур аст: дар маконе, ки шумо зиндагӣ мекунед, чанд нафар гирифтори беморӣ аст? Оё шумо медонед, ки ин маълумотро аз куҷо гирифтан мумкин аст? Дуюм – оё шумо медонед, ки чӣ гуна худро муҳофизат кунед? Оё шумо масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя мекунед? Дастонатонро собуншӯй ё бо маҳлули антисептикӣ тоза мекунед? Тавсияҳои мутахассисони соҳаро иҷро мекунед? Танҳо ёфтани ҷавобҳои дақиқ ба саволҳои додашуда метавонад бехатарии шахсро дар ҷамъият таъмин намояд. Инчунин, дар замони технологияи иттилоотӣ танҳо манбаҳои дуруст санҷидашударо истифода бурдан зарур аст. Дар ин ҷода, мутахассисони Созмони Байналмилалии Тандурустӣ ба саволҳои истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои мушахаас додаанд (https://news.un.org/ru/story/2020/07/1382521).

Якчанд манбаҳои дигари дуруст ва санҷидашудаи иттилоот дар бораи COVID-19-ро манзуратон мегардонам:

  • https://www.facebook.com/coronavirus_info/?page_source=bookmark – маркази иттилоот оид ба COVID-19 барои истифодабарандагони саҳифаи иҷтимоии Фейсбук;
  • https://www.who.int/ru – сомонаи расмии Созмони Байналмилалии Тандурустӣ;
  • http://moh.tj/?page_id=16882 – маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хотир доред, интихоби дурусти манбаи иттилоотӣ метавонад шумо ва атрофиёнатонро муҳофизат намояд.

Баҳридинов Баҳманёр, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg