![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200723_091454.jpg?itok=Tci6RZ-7)
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати паст намудан ва аз байн бурдани пандемияи коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб пайваста дар маркази Ҷамоати шаҳрак ва деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинон вохӯриҳои фосилавӣ ташкил ва дар байни онҳо варақаҳои тавсиявиро тақсим намуда, аз онҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикиро хоҳиш менамоянд.
Чунин корҳои оммафаҳмонӣ ҳамарӯза бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо усули “хона ба хона” доир гардида, сокинон аз ин чорабиниҳои таблиғотӣ ба худ маълумоти зарурӣ пайдо менамоянд.