Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинон вохӯрӣ ва суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом дода, онҳоро аз хатари паҳншавии босуръати мавҷи дуюми пандемияи коронавирус огоҳонида, ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бо тавсияи табибон амал намуданро пайваста таъкид менамоянд.