БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС ПАЙВАСТА КӮШИШ МЕНАМОЕМ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо волонтёрон корҳои таблиғотиро вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо коронавируси нав “Covid - 19” дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаҳои Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” амалӣ намуданд.

Дар рафти мулоқотҳо масъулин атрофи масъалаҳои риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ суҳбатҳо гузаронида, ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикие, ки бо дастгирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 28 Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дастрас гардидааст, тақсим карданд.

Инчунин,  ҳангоми гузаронидани мулоқотҳо бо усули “хона ба хона” ҳизбиён аз рафти корҳои кишоварзӣ ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти “50-солагии   Тоҷикистон” шинос гардида, мардумро барои сари вақт ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ даъват карданд. Барои самаранок истифода бурдани заминҳо, таъмини оилаи худ ва бозори истеъмолии кишвар бо маводи ғизои хушсифат ба мардум тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg