БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР БЕҲ ЗИ МЕРОСИ ПАДАР

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Мудири  шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади дарёфт, омӯзиш ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунар ва санъати аълои дӯзандагии зани ҳунарманд Бибисоираи Музаффар сокини деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” шинос гардид. Бо шиносоӣ бо ин зани ҳунарманд маълум гашт, ки маҳсули дасти вай дар дӯхти нақшу нигори қадимаи миллӣ, аз қабили қароқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва  чакандӯзӣ бебаҳо буда, ин чеҳраи ҳунар миёни мардум соҳиби эҳтироми самимӣ ва шуҳрати беандоза дорад.

Бибисоираи Музаффар барои занон, наварӯсон, навхонадорон ва кӯдакон сару либос ва ҳар гуна матоъҳои қадимаи миллию рамзӣ дӯхта, бо нархи дастрас ба хоҳишмандон пешниҳод менамояд. Арзиши 1 ҷуфт кӯрпача бо 4 дона болишт бо дӯхти нақшу нигори миллӣ 1000 (ҳазор) сомонӣ, арзиши 1 болопӯши гаҳвора бо дастбанду побанд ва 1 кӯрпачаю 2 ҷуфт болиштча 500 (панҷсад) сомонӣ, арзиши 1 дона чодари қуроқӣ 1200 (ҳазору дусад) сомонӣ,  арзиши 1 болопӯши тахт ва рахти хоб 900 (нӯҳсад) сомонӣ,  арзиши 1 ҳамёни занона 25 (бисту панҷ) сомонӣ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg