БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС ТАЛОШ МЕВАРЗАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотиро вобаста ба муқовимат бо коронавирус дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.

Масъулин бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, суҳбатҳо доир намуда,  фаҳмониданд, ки доимо ба тозагию гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, ҳангоми баромадан аз хона ҳатман ниқобҳои тиббӣ пӯшанд, инчунин дар давоми рӯз мунтазам дастонро бо собун шӯянд ва маҳлулҳои антисептикиро истифода баранд.

Дар раванди суҳбату мулоқотҳо ниқобҳои тиббие, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дастрас гардид, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба сокинон тақсим карда шуд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg