БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ВАКИЛ ДАР АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таблиғотӣ вобаста ба муқовимат бо коронавирусро дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.

Дар раванди суҳбату мулоқотҳо ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикие, ки бо дастгирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дастрас карда шудааст, аз ҷониби кормандони ҳизбӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Аз ин иқдоми неку ватандӯстона сокинон руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба вакили мардумӣ Ашурзода Гулобаҳор Сангилло баён доштанд.  Чунин иқдомҳои неку созанда аз ҷониби дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg