ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сороятии COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз ташриф ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.