КӮЛОБ. Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Манзил” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.
Нахуст, дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Манзил”, сардори КФД истифодабарии манзилии шаҳри Кӯлоб Шарипов Зафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки ҲХДТ барои иттиҳоди нерӯҳои ҷомеа бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал тадбиқ намудани ин ҳадафҳо пайваста кӯшиш менамояд.