БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ АЗ СУҲБАТҲОИ ДОИРГАРДИДА МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ДАРЁФТ МЕНАМОЯНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии хавфноки коронавирус бо усули “хона ба хона” дар  деҳаи Тутаки   Ҷамоати шаҳраки Ховалинг  бо сокинони манзилҳои истиқоматӣ суҳбат доир намуданд.

Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои  пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти муфассал дода, таъкид  намуданд, ки риояи беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ  роҳи асосии пешгирии ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ , аз ҷумла коронавирус  мебошад. Таъкид гардид, ки паст гардидани шиддати бемории Ковид -19 маънои пурра аз байн рафтани онро надорад ва он метавонад дубора хуруҷ намояд. Бинобар ин дар ҳама ҳолат талаботҳои муайяннамудаи мутахассисони соҳаи тиб бояд ҳатмӣ риоя карда шавад.

Дар ин рӯз бештар аз 86 нафар  бошандагони манзилҳо дар суҳбат  иштирок намуда, ба тавсияҳо ҷиҳати   пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шниос гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg