ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо фаъолияти аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар кӯчаи ба номи Бобоюнус Худойдодзодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг Аксияи таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 96 нафар сокинони хонаҳо иштирок карда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила дар тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Дар суҳбатҳо таъкид гардид, ки саломатии ҳар як одам дар дасти худи ӯст. Агар худи шахс масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳис нанамояд, каси дигар ба ҷойи ӯ талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда наметавонад. Ҳамаи бемориҳои сироятӣ дар ибтидоии пайдоишаш аз як одам ба дигарон гузаштааст. Барои мисол бемории ВИЧ/СПИД-ро мисол овардан мумкин аст, ки имрӯз дар тамоми дунё паҳн шудааст. Бемории КОВИД-19 ҳам ба ҳамин намуд паҳн шудааст. Бинобар ин дар риояи талаботҳои беҳдоштӣ ҳама вазифадор ва масъул мебошанд.