ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ҷалолидини Балхӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён ба миқдори 165 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас намуданд.
Дар суҳбат таъкид гардид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари дигар тадбирҳо фарогири чораҳо оид ба пешбинӣ намудани таътили пардохтҳои андозӣ ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, шабакаи хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалию аэронавигатсия ва манъ намудани ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо, озод кардан аз пардохти ҳаққи иҷораи моликияти давлатӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад. Ин санади муҳим бори дигар аз ғамхории Пешвои муаззами миллат нисбат ба бахши хусусӣ, ки пешбарандаи иқтисодиёт мебошад, шаҳодат медиҳад.