КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат, ҳамзамон сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва дохили ташкилоту муассисаҳои таълимӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Дар амалишавии корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии утоқҳои кории омӯзгорону синфхонаҳои хонандагон, инчунин саҳми волидайни хонандагон низ назаррас мебошад.