БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗГОРОН ҲАР ВАҶАБ ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.    

Бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ  ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар шаҳр тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодаанд. Кормандону омӯзгорони  муассисаи ттаҳсилоти миёнаи умумии №45 -и шаҳр аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи назди муассиса  кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезиро ба роҳ монданд.

Зимни мулоқот  намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо омӯзгорони ин муассиса   айён гардид, ки  кормандони ин боргоҳ аз дастгириҳои  давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ҳама қишри ҷомеа, изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш мекунанд, ки дар баланд бардоштаи сатҳи дониш ва тарбияи толибилмон дар рӯҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳиссаи бештар гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg