БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ёди қаҳрамонони миллат дар замири мо ҷавонон аст

ҚУБОДИЁН.Бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Қубодиён рӯзи ғалаба бар фашизм дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ бо раҳпаймоии  аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир карда шуд.

Дар чорабинии ҳизбӣ хонандагону  донишҷӯён аз  муассисаҳои таълимии ноҳия  ва  ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Сараввал аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ба дидорбинии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат хотири онҳоро шод гардонида, ба онҳо гулу гулдастаҳо тақдим карданд.

Инчунин, иштирокчиёни ҷанг дар назди ҷавонон аз қаҳрамониҳои хеш ва иштирок дар майдонҳои ҷангро нақл карда, дар қалби онҳо ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳиро бедор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg