ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани риояи ҳатмии чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Восеободи калони Ҷамоат деҳоти ба номи Абдӣ Авазов суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус ва пешгирӣ аз он маълумот дода, кайд кард, ки ба риояи гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ дода, ба шаҳрвандон дастур дода мешавад, ки қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, барои маълумоти бештар пайдо намудани сокинон ба иштирокдорон маводҳои тблиғотӣ дастрас карда шуд.