БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДОИР ГАРДИД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии узви раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, раиси шаҳр муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин маҷлиси навбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир шуд. Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиёни Қиёмиддин, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, собиқадори ҳизб Исмоил Шафиев, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъба, бахшҳо ва  кормандони масъули Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои рафти татбиқи Аксияҳои ҳизбии “”Якҷоя месозем!” ва “Сайри Ватан мекунем!”, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ба итмом расонидани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иборат буд. Сараввал сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Искандар Қаҳҳоров доир ба масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома ҳисобот дода, таъкид афзуд, ки саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф”, “Ибни Сино”, “Фаровон- Қӯрғонтеппа”, “Азия”, “Боғбунёд”, аъзои ҳизб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, коммуналӣ, ширкати сохтмонии ҶДММ “Собир Сам” ва дигарон дар сохтмони бинои маъмурӣ хело калон аст.

То имрӯз бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр ва соҳибкорон  аъзои саховатпешаи ҳизб дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бунёд гардида истодааст. 

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ натанҳо дар сохтмони бинои ҳизбӣ, балки дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар назаррас мебошад.

Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, доир ба  масъалаҳои муҳокимашуда, фикрронӣ кард, аз ҷумла афзуд, ки  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон лоиҳаҳои сохтмони марказҳои фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, утоқи корӣ барои раисони маҳаллаҳо ва ангораҳои сохтмонии ҳоҷатхонаҳоро бо усули дренажӣ дар шакли китобу дастурамал чоп намуд ва барои истифода ба тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, махсусан ташкилотҳои ибтидоие, ки дар кумитаҳои маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои деҳот фаъолият доранд, иросл карда шудааст. Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, собиқадори ҳизб Исмоил Шафиев ба сухан баромада, фирку андешаҳои худро доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муфассал баён дошт. Мавсуф гуфт, ки ҲХДТ соли 1994 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта,  дар як муддати кӯтоҳ мардуми саросари кишварро ба худ муттаҳид намуд. Раисикунандаи маҷлис, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба сухан баромада, доир ба омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳарф зада, таъкид дошт, ки аъзои бошарафи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар шаҳр ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ пешвоз хоҳанд гирифт. Ҳмзамон, раиси шаҳр даъват намуд, ки тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бояд барои ба итмом расонидани сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар саҳмгузор бошанд. Пас аз муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар қарорҳои дахлдор қабул намуд. Инчунин, Муроҷиатномаи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg