ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ба ташвиш овардааст, бо мақсади тарғиби масъалаҳои мазкур бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ноҳияи Хуросон дар деҳаи ба номи Мирзо Турсунзода вохӯрӣ бо аҳолӣ гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба сокинон муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳо оид ба истифодаи самараноки замин, пешгирии бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он тақсим карда шуда, намояндагони ҳизбӣ таъкид карданд, ки мо ҳамчун шаҳрванд набояд дар ин давраи ҳассос ба бемасъулиятӣ роҳ диҳем, баръакс бо амалҳои созанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷумла дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузорем.